Афви беш аз 120 ҳазор муҳоҷири тоҷик: Вазир гуфт, кӣ дохил асту кӣ не?
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки кадом гуруҳи афроди мамнӯъ-ул-вуруд дар Русия шомили афв нашуданд
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола садҳо ҳазор нафар аз Тоҷикистон барои таъмини рӯзгорашон ба Русия сафар мекунанд. Ҳамчунин даҳҳо ҳазор нафар бо гирифтани шаҳрвандии Русия кору иқомат дар ин кишварр ихтиёр менамоянд.
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфт, соли гузашта беш аз 120,5 ҳазор муҳоҷири мамнуъ-ул-вуруди тоҷик дар Русия афв гардида, вурудашон иҷозат дода шуд.
Амонзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ба афви муҳоҷирон дар пайи ҳамкорӣ ва музокирот бо мақомоти умури дохилии Русия даст ёфтанд.
Вай тавзеҳ дод, афв нисбати онҳое қабул гардид, ки барои нақзи қоидаҳои будубош аз ҷониби сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Русия манъи вуруд доштанд. Афроде, ки барои қоидавайронкуниҳои маъмурии сабук шомили рӯйхати афроди мамнуъ-ул-вуруд гардидаанд.
"Нафароне, ки бо қарорҳои суд манъи вуруд доранд, ба ин афв шомил нашуданд", - таъкид намуд вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Ба иттилои вазир, соли гузашта 374 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, 147 ҳазор нафар баргаштаанд. Соли 2020 ҳудуди 129 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ ба хориҷ сафар карда буданд. Русия ҳамоно қабулкунандаи асосии нерӯи корӣ аз Тоҷикистон мебошад.
Дар баробари ин мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд, соли гузашта зиёда аз 150 ҳазор шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар Русия бо истифода аз имкониятҳои муайяншуда, будубош ва фаъолияти худро дар қаламрави Русия қонунӣ кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола садҳо ҳазор нафар аз Тоҷикистон барои таъмини рӯзгорашон ба Русия сафар мекунанд. Ҳамчунин даҳҳо ҳазор нафар бо гирифтани шаҳрвандии Русия кору иқомат дар ин кишварр ихтиёр менамоянд.
Комментарии (0)