< Созмонҳои ҷаҳонӣ мехоҳанд, "Амонатбонк" хусусӣ шавад: Раис мегӯяд, зарур нест » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Созмонҳои ҷаҳонӣ мехоҳанд, "Амонатбонк" хусусӣ шавад: Раис мегӯяд, зарур нест

Созмонҳои ҷаҳонӣ мехоҳанд, "Амонатбонк" хусусӣ шавад: Раис мегӯяд, зарур нест
Раиси феълии "Амонатбонк" мегӯяд, дар ҳоли ҳозир зарурати хусусигардонии ин бонкро намебинад

Сироҷиддин Икромӣ, раиси "Амонатбонк", гуфт, масъалаи таҷдиди сохтор ва хусусигардонии ин бонк салоҳияти ҳукумати Тоҷикистон аст.

Икромӣ зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон, изҳор дошт, ки созмонҳои ҷаҳонии молиявӣ пайваста ба хусусигардонии бонк ишора мекунанд.

"Онҳо ҷонибдори бахши хусусиянд, давлатиро чандон хуш надоранд. Хусусигардонии "Амонатбонк" аз муассиси мо, ҳукумати Тоҷикистон вобаста аст", - шарҳ дод раис.

Ӯ афзуд, зарурати хусусигардонии бонкро намебинад ва бахше аз бартариятҳои бонки давлатиро ном бурд.

Ба гуфтаи Икромӣ, нишондиҳандаҳои фаъолияти "Амонатбонк" сол ба сол зиёд шуда истодаанд, кафолати саддарсадии ҳукумати Тоҷикистон барои пасандозгузорон мавҷуд аст. Ӯ илова намуд, ки бонк аз тарафи дигар сарчашмаи даромад барои буҷаи давлат аст, ки солона 110 миллион сомониро ворид месозад, ки пули андак нест.

Дар мавриди далелҳои созмонҳои ҷаҳонӣ барои талаби хусусигардониҳо, раиси "Амонатбонк" гуфт, онҳо тарҳ доранд, ки принсипҳои идораи корпортавиро роҳандозӣ намоянд.

"Аммо дар мо аллакай идораи корпоративӣ аст. Раёсати бонк аз 8 узв иборат, ки намояндагони Вазорати молия ва Дастгоҳи иҷроияи президент шомили он мебошанду ҳар қароре, ки таваккал дорад, тариқи корпоративӣ ҳал мешавад", - илова намуд Икромӣ.

Ӯ бо зикри ташкили бонки дуюми давлатӣ - "Саноатсодиротбонк", изҳор дошт, ки ин аз самаранокии бахши давлатӣ дар соҳа далолат медиҳад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий