< СММ баъди сафари писари бин Лодин ба Афғонистон: Толибон барои маҳви терроризм коре накард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

СММ баъди сафари писари бин Лодин ба Афғонистон: Толибон барои маҳви терроризм коре накард

СММ баъди сафари писари бин Лодин ба Афғонистон: Толибон барои маҳви терроризм коре накард
Дар гузориши Шӯрои Амнияти СММ дар бораи сафари писари Усома бин Лодин, раҳбари кушташудаи Ал-Қоида ба Афғонистон дар моҳи октябри соли гузашта сухан рафтааст, аммо мақомоти нави Афғонистон ин хабарро тасдиқ намекунанд.

Гурӯҳи пуштибонии таҳлилӣ ва мониторинги СММ дар гузориши ахири худ гуфтааст, ки гурӯҳҳои террористии хориҷӣ, аз ҷумла аз Ал-Қоида дар нимҷазираи Ҳинд то Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар Афғонистон нисбат ба солҳои ахир озодии бештар доранд ва писари Усома бин Лодин дар моҳи октябр бо ходимони ҳукумати нав мулоқот ва аз ин кишвар боздид кардааст.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки ҳукумати нав барои маҳдуд кардани фаъолияти террористҳои хориҷӣ коре анҷом надодааст ва нишонае ҳам вуҷуд надорад, ки барои маҳдуд кардани фаъолияти террористҳои хориҷӣ дар кишвар чораҳо дида шудаанд.

Дар бораи сафари Абдулло бин Лодин писари Абдуллоҳ ба Афғонистон як узви Шӯрои Амнияти Созмони Милал хабар дод.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки вазъи саломатии раҳбари феълии Ал-Қоида Айман ал-Завоҳирӣ хуб нест. Аммо дар бораи марги ӯ гузоришҳо вуҷуд доранд. Ба гузориши расонаҳо, як ёвари раҳбари фавтидаи Ал-Қоида Усома бин Лоден низ дар авохири моҳи август ба Афғонистон баргашт. Гуфта мешавад, ки ӯ сокини вилояти Нангарҳор будааст.

Бар асоси гузориши пуштибонии СММ, як бахши Ал-Қоида дар нимҷазираи Ҳинд бо раҳбарии Усома Маҳмуд ва муовини ӯ Атиф Ғорӣ дар вилоятҳои Ғазнӣ, Ҳилманд, Қандаҳор, Нимрӯз, Пактиё ва Зобул алайҳи ҳукумати пешини Афғонистон мубориза бурдааст.

Нерӯҳои Ал-Қоида дар нимҷазираи Ҳинд дар ин гузориш аз 200 то 400 нафар арзёбӣ шуда, гуфта мешаваж, ки онҳо бештар аз Афғонистон, Ҳинд, Бангладеш, Мянмар ва Покистон ҳастанд.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки Ал-Қоида пас аз табрики толибон бо пирӯзӣ ба унвони “Аморати исломӣ” сукути стратегии худро нигоҳ дошт.
Шӯрои Амнияти СММ инчуин аз афзоиши шумори шохаи Хуросони ДОИШ аз 2200 ба 4000 нафар изҳори нигаронӣ кардааст. Сабаби афзоиши нирӯҳои ДОИШ раҳоии чанд ҳазор маҳбус дар замони суқути ҳукумати пешин гуфта мешавад.

Як узви Шӯрои Амнияти СММ пешбинӣ кардааст, ки нисфи бахши Хуросони ҷангҷӯёни ДОИШ шаҳрвандони хориҷиянд.

"Ҳарчанд ДОИШ як минтақаи маҳдуд дар шарқи Афғонистонро таҳти назорат дорад, аммо метавонад ҳамлаҳои густурда ва печидае ба мисли бомбгузории фурудгоҳи Кобул анҷом диҳад",-омадааст дар гузориш.

Ҳукумати муваққатӣ аз муборизаи ҷиддӣ алайҳи ДИИШ ҳарф зад. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки кишварҳои узв тахмин мезананд, агар Афғонистон вориди бесарусомонӣ шавад, бархе аз ҷангҷӯёни хориҷӣ метавонанд ба ДОИШ, ки ба раҳбарии Саноуллоҳ Ғаффорӣ аст, байъат кунанд.

Дар ин гузориш ҳамчунин аз озодии рафту омади аъзои гурӯҳҳои тундрав дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ёдовар мешавад. Гуфта мешавад, ки сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Кобул бо нигаронӣ аз сафарҳои озоди раҳбарони ин гурӯҳҳо ба Афғонистон мушоҳида кардаанд.

Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст, ки ҳукумати нав алайҳи Таҳрики Туркистони исломӣ, маъруф ба Ҷунбиши исломии Туркистони Шарқӣ, ки алайҳи Чин фаъолият мекунад, иқдом кардааст. Ин тадбирҳо дар музофотҳои шимолу шарқӣ дида шуданд.

Гурӯҳи пуштибонии СММ ва тими мониторинги таҳримҳо дар чаҳорчӯби талошҳои ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Ал-Қоида ва ДИИШ дар ду сол як маротиба чунин гузоришҳо омода мекунанд.


Комментарии (0)

Оставить комментарий