< Қарори шаҳрдорӣ: Биноҳои нави коллеҷҳои ба номи Собирова ва Бобоқулов бунёд мешаванд - акс » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Қарори шаҳрдорӣ: Биноҳои нави коллеҷҳои ба номи Собирова ва Бобоқулов бунёд мешаванд - акс

Қарори шаҳрдорӣ: Биноҳои нави коллеҷҳои ба номи Собирова ва Бобоқулов бунёд мешаванд - акс
Раиси шаҳри Душанбе барои бунёди биноҳои ҷадиди коллеҷҳои ба номи балерина Малика Собирова ва овозхон Аҳмад Бобоқулов қарор кардааст

Сарраёсати меъмории шаҳри Душанбе хабар дод, ки бинои нави Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов барои 320 хонанда пешбинӣ шудаст.

Схтмони бинои Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирава барои 140 хонанда дар назар аст.

Таъкид шудааст, ки тарҳи биноҳои мазкур аз ҷониби гуруҳи лоиҳакашии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе таҳия гардида, сохтмони он оғоз меёбад. Биноҳои ҷадид дар хиёбони Рӯдакӣ дар ноҳияи Шоҳмансур бунёд мешаванд. Дар мавриди муҳлати анҷоми сохтмон зикр нашудааст.

Қаблан Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе лоиҳаи ангоравии бинои Қасри фарҳанг дар пойтахтро муаррифӣ карда, буд, ки намуди дутор, доира ва таблакро хоҳад дошт.

Маврид ба зикр аст, ки Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе, ки ба номи овозхони халқии Иттиҳоди шӯравӣ, Аҳмад Бобоқулов гузошта шудааст, ҳанӯз аз соли 1945 фаъолият дорад.

Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографӣ дар Душанбе соли 2003-юм таъсис дода шуда, соли 2007-ум бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ба номи балеринаи шинохтаи тоҷик, ҳунарманди халқии Иттиҳоди шӯравӣ, Малика Собирова гузошта шуд.

Ин ду муассиса дар тобеияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон буда, дар гузаштаю ҳозира аз таъминкунандаҳои асосии соҳа бо кадрҳо арзёбӣ мегарданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий