Хонаи адибон тахриб мешавад: Хоҳанд пул мегиранд, хоҳанд манзили нав
Бинои маъруф ба хонаи адибон дар маркази Душанбе, ки дар он бисёре аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти тоҷик иқомат доранд, тахриб хоҳад шуд
Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, гуфт, хонаи адибон дар доираи нақшаи генералӣ тахриб мешавад.
Ба иттилои масъулини Кумита, хонаи адибон дар кӯчаи Аҳрорӣ ва дигар биноҳои ин минтақа тахрибшаванда буда, дар он ҷо идомаи бунёди маҷмааи "Истиқлол" дар назар аст.
Зувайдзода мегӯяд, дар ин қисмат бунёди роҳ, гулгашту фаввораҳо ва инчунин биноҳои баландоошёна дар назар дошта шудаанд, ки марҳила ба марҳила анҷом дода мешаванд. Масъулини ин ниҳод таъхири тахриби хонаи адибонро рад карда, изҳор доштанд, ки аллакай қарорҳо тасвиб ва ба сокинони биноҳо огоҳӣ дода шудааст.
Раиси Кумитаи меъморӣ таъкид намуд, ки соҳибони хонаҳо дар биноҳои тахрибшаванда мувофиқи хоҳишашон метавонанд маблағ ё манзили нав гиранд. Ӯ афзуд, ки аллакай биноҳои ҷадид дар минтақаи Зарафшон бунёд гардиданд, ки хоҳишмандон метавонанд онро соҳиб шаванд.
Маврид ба зикр аст, ки майдони "Истиқлол", ки дар ин қисмат бунёд мегардад, минбаъд майдони асосию марказии пойтахт мешавад. Майдони “Истиқлол” 30 гектар буда, 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ташкил медиҳад.
Қаблан дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар дода буд, ки майдони "Истиқлол" бо маҷмааи рамзи истиқлолу озодӣ, ки аз иншооти асосии боғ маҳсуб меёбад, соли 2022 ба истифода дода мешавад.
Комментарии (0)