< Гилаи вакили тоҷик, ки вазири саноат барои қабулаш вақт ҷудо накардаст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Гилаи вакили тоҷик, ки вазири саноат барои қабулаш вақт ҷудо накардаст

Гилаи вакили тоҷик, ки вазири саноат барои қабулаш вақт ҷудо накардаст
Ғайрат Азиззода, вакили парлумони Тоҷикистон, аз он шикоят кард, ки бо вуҷуди талоши чандинбора натавонист ба қабули вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ноил шавад

Вакили мардумӣ зимни баррасии иловаҳо ба қонун "Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат" дар парлумон, вазири саноати кишварро ба эҳтироми тарафайн хонд.

Ғайрат Азиззода дар ҷаласаи ахири парлумон дар хитоб ба Шералӣ Кабир, вазири саноати кишвар гуфт, 7-8 маротиба тавассути телефони ҳукуматӣ аз ӯ хоҳиш намудаст, ки ки барои қабул вақт ҷудо намояд.

"Ду маротиба ба қабулгоҳатон рафтам, ки маро қабул намоед. Аммо афсӯс, ки то ҳол… Хоҳиш мекунам, ки иззату эҳтиром дутарафа бошад", - овардааст нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Азиззода.

Шералӣ Кабир дар шарҳи қазия тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат, як бор телефонӣ бо вакил суҳбати телефонӣ доштааст, аммо бо сабабҳои объективию субъективӣ имкони мулоқот нашудааст. Ӯ бо ишора ба сафарҳои зиёдаш дар парлумон ваъда дод, ки вақт пайдо намуда, бо вакил суҳбат хоҳад кард.

Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон бо дастури раисҷумҳур роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ бояд ҳар рӯзи шанбе бевосита шаҳрвандонро қабул кунанду барои расдагӣ ба муроҷиатҳояшон чораандешӣ намоянд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий