Дар Хуҷанд коронавирус нест, вале реҷаи ниқобпӯшӣ шадид шуд
Дар Хуҷанд ҳарчанд ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус мавҷуд нест, вале аз сокинон ҷиддан талаб карда шуд, ки ниқоб пӯшанд
Маркази назорати санитарӣ-эпидемиологии шаҳри Хуҷанд аз сокинон ва меҳмонон даъват намудааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатман ниқоб пӯшанд.
Манобеи Sugdnews хабар медиҳад, ки ҳамарӯза намояндагони ин марказ миёни сокинон суҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда, ба зарурати пӯшидани ниқоб таъкид мекунанд.
"Бо вуҷуди он ки вазъи эпидемиологии шаҳри Хуҷанд таҳти назорати қатъии мутахассисони Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ қарор дорад, то ҳол риояи талабот ва тавсияҳо оид ба пешгирии паҳншавии коронавирус аз ҷониби сокинон мушоҳида мешавад", - навиштааст манбаъ бо истинод ба сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд, Маъмур Юсуфов.
Сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд аз он изҳори нигаронӣ намудааст, ки дар ҷойҳои ҷамъитӣ ва маконҳои серодам, аз ҷумла дохили нақлиёти мусофирбар, ронандаҳо ва худи мусофирон реҷаи ниқобпӯширо риоя намекунанд. Ӯ мегӯяд, беаҳамиятии сокинон метавонад муҷиби сироятҳои нав гардад.
Иддаои Юсуфов дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон, минҷумла шаҳри Хуҷанд аз 16 октябр ба ин сӯ ягон мавориди сироятшавӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Комментарии (0)