< Оҷонсии зидди фасод мансабдори хадамотро барои қаллобӣ боздошт кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Оҷонсии зидди фасод мансабдори хадамотро барои қаллобӣ боздошт кард

Оҷонсии зидди фасод мансабдори хадамотро барои қаллобӣ боздошт кард
Корманди хадамот бар ивази иҷозатномаи фаъолият маблағ талаб кардааст

Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон як корманди Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистонро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуотии оҷонсӣ, С. Ф, сардори нозироти давлатии назорати муомилоти маводи таркандаи хадамоти мазкур бо сӯистифода аз мақоми хидматӣ муттаҳам мешавад

Гуфта мешавад, ӯ аз шаҳрванд “А” барои тайёр омода кардани иҷозатномаи фаъолияти маркшейдерӣ ва истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи сӯхтан доранд, 23000 сомонӣ талаб кардааст.

"Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ Сайдамири Файзиддин пас аз гирифтани маблағи 23000 сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далелҳои шайъӣ дарёфт карда, гирифта шуд", - афзудааст манбаъ.

Оҷонсӣ нисбати Сафарзода Сайнуриддин Муҳуддин бо моддаи 247, қисми 4, банди “б”, КҶ Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ ба додгоҳ ирсол кардааст.

Дар сурати тасдиқи иттиҳом бар асоси ин модда, ба боздоштшуда, ҷарима ба андозаи аз 87 то 131 ҳазор сомонӣ ва ё аз ҳашт то дувоздаҳ соли зиндон бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий