< Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар нуҳ моҳ ба зиёда аз 600 ҳазор мусофир хизмат расонид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар нуҳ моҳ ба зиёда аз 600 ҳазор мусофир хизмат расонид

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар нуҳ моҳ ба зиёда аз 600 ҳазор мусофир хизмат расонид
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар нуҳ моҳи соли равон ба беш аз 600 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидааст, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 225 ҳазор  нафар зиёд аст. Тавре аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иттилоъ доданд,  дар ҳамин давраи соли гузашта фурудгоҳ ба 387 ҳазор нафар  мусофир хизмат расонида буд.

Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қабулгардида ва интиқолёфта дар  ин давра беш аз 965 тоннаро ташкил медиҳад, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 152,6 фоиз ё  583,4 тонна зиёдтар аст. Ҳамзамон дар ин давра тавассути терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 46 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат содирот карда шуд.

Дар масъалаи наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо аз ҷониби мусофирон 69 эрод ворид гардида,  67 эрод қонеъ гардонида шуд.

Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 14 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 5 ширкати ҳавопаймоии кишварҳои хориҷи дур, 7 ширкати ҳавопаймоии давлатҳои ИДМ ва 2 ширкати ватанӣ –«Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» амалӣ карда мешаванд. Аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба 13 шаҳри Русия, инчунин ба пойтахт ва шаҳрҳои калони  Қазоқистон, Узбекистон, Олмон, Чин,  Эрон, Туркия, Ҳиндустон ва Аморати Муттаҳидаи Араб парвозҳо сурат мегиранд. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий