< Сафари ҳайти парлумонии Тоҷикистон ба Туркия » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сафари ҳайти парлумонии Тоҷикистон ба Туркия

Сафари ҳайти парлумонии Тоҷикистон ба Туркия
 Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода бо сафари корӣ ба Туркия рафт.

Муҳаммадато Султонов, котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, сафари мазкур бо даъвати раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафо Шентоп сурат гирифта, он аз 12 то 15 октябр амалӣ идома меёбад.

"Ба ҳайат раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Мавлудахон Мирзозода ва Мирзоанвар Ахмедов шомиланд", - афзуд манбаъ.

Гуфта мешавад, дар назар аст, ки Маҳмадтоир Зокирзода зимни сафар бо ҳамтои туркаш Мустафо Шентоп, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу ва дигар намояндагони воломақоми ҳукумати ин кишвар дидору мулоқот кунад.

Ёдовар мешавем, қаблан сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл гуфта буд, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо як сафари расмӣ бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон меояд.

Аммо сафир дақиқи нагуфт, ки сафари президенти Туркия ба Тоҷикистон кай сурат мегирад.



Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий