< Мирхоҷа номааш ба Озода Раҳмонро талаби адолат гуфт: гуноҳи кабираам назди Ҳукумат чист? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Мирхоҷа номааш ба Озода Раҳмонро талаби адолат гуфт: гуноҳи кабираам назди Ҳукумат чист?

Мирхоҷа номааш ба Озода Раҳмонро талаби адолат гуфт: гуноҳи кабираам назди Ҳукумат чист?
Ато Мирхоҷа, ноиби раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ахиран дар пайи маросими тақдими мукофотҳои давлатӣ, тариқи як нома аз роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур далели ҷой нагирифтан миёни унвондорҳоро суол кард

Ноиби раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон номаи бозаш унвони Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳурро шарҳ дод. Ба гуфтаи Ато Мирхоҷа, номааш дар байни хонандагон чунин суитафоҳум эҷод намуд ки гӯë ӯ барои худ унвон талаб карда бошад.

Адиб менависад, ки унвонро барои худ талаб накардаасту аслан дар пайи он ҳам набудааст.

Ӯ зикр намудаст, ки бори нахуст дар соли 2013, ки он замон ҳанӯуз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор намекардаст, бо пешниҳоди шоир Муҳаммад Ғоиб ба гирифтани унвони нависандаи халқии Тоҷикистон пешниҳод шуд.

"Он замон раëсати ИН аз 19 нафар иборат буд аз ҷумла Меҳмон Бахтӣ Гулназар Гулрухсор Абдулҳамид Самад Аскар Ҳаким Кароматулло Мирзоев Камол Насрулло Абдураҳмон Абдуманнонов барин адибони саршиноси ҷумҳурӣ. Номзадиам аз комиссияи мукофотҳо пас гашт", - изҳор дошт Мирхоҷа ва афзуд, ки ҳоло ҳам намедонад барои чӣ номзадияш пас гардонда шуд.

Дар ин миëн Мирхоҷаро муовини аввали раиси ИН интихоб карданд ва соли 2019 боз ҳам Раëсати ИНТ иборат аз 19 нафар адибони шинохтаи кишвар ӯро ба унвони нависандаи халқӣ пешниҳод намуданд. Ин бор ҳам комиссияи мукофотҳо бе ягон шарҳи сабаб ҳуҷҷатҳояшро пас гардонд, навиштааст адиб.

Вай илова намуд, ки дигар андешаи мукофотро аз сар дур кард, аммо соли 2021 раиси ИН бо ба эътибор гирифтани романи сеҷилдаи Сарои санг, ки дар Анҷумани нависандагон баҳои баланд гирифтаст, бо исрору пофишорӣ ӯро ба унвони боз ҳам нависандаи халқӣ пешниҳод намуд.

"Худи раис ва дустонам шоҳиданд ки ман гуфтам ин кор беҳудаа аст аздусар ба ман намедиҳанд. Аммо раëсати ИН иборат аз 15 нафар нависандаву шоирони номвар якдилона номзадиамро дастгирӣ карданд. Аммо ин бор ҳам қарори раëсат ягон асаре ба комиссияи мукофотҳо накард", - тавзеҳ дод ноиби Иттифоқи нависандагон.

Ӯ афзудааст, ки боре ҳам аз ҳукумат на мукофот талаб кардаасту на унвон.Масъалаи меъёру шеваи тақдими мукофотҳои давлатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъди он мубрам шуд, ки дар маросими имсола ду нафар - Бахтиёр Муртазоев ва Маъруф Бобоҷон соҳиби унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон шуданд.

Дар пайи маросими тақдими мукофоти давлатӣ, Ато Мирхоҷа Мирхоҷа ба Озода Раҳмон навишт, ки ӯро беихтиёр чунин андеша азоб медиҳад, ки дар назди Ҳукумат муртакиби чӣ гуноҳи кабирае шудааст, ки ӯро сазовори унвону мукофот намебинад.

Ноиби раиси Иттифоқи нависандагон изҳори умедворӣ кардааст, ки ба хотири рафъи суитафоҳумҳо ин номааш бепосух намемонад.

Феълан назари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди номаи адиб Ато Мирхоҷа маълум нест.

Комментарии (0)

Оставить комментарий