Тақлиди масхарабозҳои Узбакистон ба Қадами Қурбон ва имиҷи наву нахустин клип – (навор)

Дар интернет навори тақлиди ҳаҷвнигорони ҷавони Узбакистон ба ҳунарнамоии Қадами Қурбон, овозхони шӯх ва шинохтаи тоҷик нашр шудааст
Навори тақлиди ҳаҷвнигорони ҷавон ба ҳунарнамоии Қадами Қурбон зоҳиран дар арафаи соли нави мелодӣ сабт шуда, дар арафаи Наврӯз дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардидааст. Ин тақлидкории масхарабозҳои кишвари ҳамсояро ба Қадами Қурбон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳазорҳо нафар писандида, садҳо нафар бознашр намудаанд. Масхарабозӣ, як соҳаи қадима, як бахши санъати театрӣ ва сирк мебошад, ки ҳунарпешаҳои он ширинкорию ҳазлу мазоҳ, тақлидкории ҳаҷвӣ ва намоишҳо нишон медиҳанд.
Тақлиди Қадами Қурбон дар УзбекистонТақлиди Қадами Қурбон дар Узбекистон Qadami Qurbom MILLION JAMOASI KONSERTiga
Geplaatst door Omedia op Maandag 18 maart 2019
Дар ҳамин ҳол саҳифаи расмии Ҷонибек Муродов, овозхони шинохтаи дигари тоҷик аксҳо аз саҳнаҳои банаворгирии нахустин клипи Қадами Қурбон ва имиҷи нави ӯро нашр кардааст.
Қаблан Ҷонибек Муродов дар саҳифаи расмияш дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ дод, ки сабти суруди нави Қадами Қурбон 10 март анҷом шуд ва клип, ё худ намоҳанг ба ин суруд сабт хоҳад шуд.
Скоро новый Хит ???
Geplaatst door JONI BEK/Джонибек Муродов [Official Group] op Dinsdag 19 maart 2019
Муродов пештар дар мавриди ҳамкорӣ бо Қадами Қурбон гуфт, суруди нав омезиши зарби тоҷикии хатлонӣ бо ғарбӣ буда, намоҳанги онро худаш коргардонӣ хоҳад кард.
Дустони Азиз имруз мо суруди навро сабт кардем. Рузхои наздик сабти клипро шуру мекунем ? Акаи Кадам бо суруди наваш ??☝️2019 #ШукриХудо ?☝️
Geplaatst door JONI BEK/Джонибек Муродов [Official Group] op Zondag 10 maart 2019
Аввали соли равон дар пайи як суҳбати Қадами Қурбон, ки гуфт тавони сабти намоҳангро надорад, Ҷонибек Муродов, овозхони дигари тоҷик бо ӯ пешниҳоди ҳамкорӣ кард. Ҷонибек Муродов гуфта буд, Қадами Қурбон пешниҳоди ҳамкорӣ ва таҳияи клипро қабул кардааст ва то Наврӯз намоҳанг пешниҳоди омма мегардад.
Комментарии (0)