< Нархи гуфтугӯи телефонӣ дар Тоҷикистон боз боло рафт: ин навбат 25% » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Нархи гуфтугӯи телефонӣ дар Тоҷикистон боз боло рафт: ин навбат 25%

Нархи гуфтугӯи телефонӣ дар Тоҷикистон боз боло рафт: ин навбат 25%
Шурӯъ аз оғози моҳи августи соли ҷорӣ нархи хизматрасонии ширкати мобилии Tcell ба андозаи 25% дарсад гарон шудааст

 Дар бораи тағйирёбии нарх ин ширкати мобилӣ ба муштариёни худ бо ирсоли смс паёмак иттилоъ додааст.

Бино ба нархномаи нав, ки ширкати мухобиротии Tcell эълон намудааст, арзиши хизматрасонии тарофаҳо 25% ё аз 1, 5 то 10 сомонӣ баланд шудааст.

"Аз ҷумла таърифи “Интихоби ман”, ки дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич ва Шаҳристон, 3 сомонӣ буд, ҳоло 4, 5 сомонӣ барои ҳар ҳафта ва тарофаҳо “даркор 19” ба “даркор 25 – сомонӣ”, “даркор 35 ба даркор – 45 сомонӣ, “осон 15” ба “осон – 25 сомонӣ” барои ҳар моҳ иваз карда шудаанд", - омадааст дар иттилоияи Tcell.

Яке аз операторони ширкат зимни суҳбат, сабаби болоравии арзиши хизматрасонии алоқаи мобилиро шарҳ дод.

Ӯ гуфт, то ин замон ширкат аз рӯи ин тарофаҳо бо тахфифи 50% ба муштариён хизмат мерасонд, вале баъди ба анҷом расидани давраи имтиёзӣ ширкат танҳо 25% арзиши хизматрасониро баланд бардоштааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий