< Низомиёни Афғонистон оммавӣ ба қаламрави Тоҷикистон фирор мекунанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Низомиёни Афғонистон оммавӣ ба қаламрави Тоҷикистон фирор мекунанд

Низомиёни Афғонистон оммавӣ ба қаламрави Тоҷикистон фирор мекунанд
Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ки артиши Афғонистон наметавонад ба ҳамлаи Толибон* тоб орад

Бар асари ҳамлаи Толибон* ба шимол, сарбозони афғон оммавӣ ба қаламрави Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ақибнишинӣ мекунанд.

Дар ин бора рӯзи панҷшанбе дар брифинг, муовини директори Департаменти иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия Александр Бикантов гуфт.

Намояндаи вазорати умури хориҷа афзуд, ки нерӯҳои амниятии афғон наметавонанд ба ҳамлаи Толибон* тоб оваранд ва самаранокии ҷангии воҳидҳо дар сатҳи паст боқӣ мемонад.

"Ҳодисаҳои ақибнишинии оммавии низомиён ба қаламрави Ӯзбекистон ва Тоҷикистон қайд мешаванд. Қувваҳои мардумӣ низ, ки дар маҳалҳо ташкил карда мешаванд, самарабахш нестанд", - гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки дар давоми моҳи июл сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Афғонистон борҳо марзи Тоҷикистону Афғонистонро убур кардаанду баргардонида шудаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий