< Бо Тоҷикистон? Русия бо як кишвари дигар парвозҳоро барқарор кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Бо Тоҷикистон? Русия бо як кишвари дигар парвозҳоро барқарор кард

Бо Тоҷикистон? Русия бо як кишвари дигар парвозҳоро барқарор кард
То имрӯз Русия бо 14 кишвар парвозҳои ҳавоии муқаррариро барқарор кардаст. Дар ин рӯйхат Тоҷикистон нест

Русия аз 1 ноябр парвозҳои муқаррариро бо Ҷопон барқарор мекунад. Қарори мазкурро ҳукумати Русия рӯзи 14 октябр қабул кардааст.

Бино бар санади мазкур, байни Русия ва Ҷопон 3 хатсайр дар як ҳафта ба нақша гирифта шудааст: ду парвоз ба ҷониби  Маскав - Токио ва як парвоз ба ҷониби Владивосток - Токио.

Гуфта мешавад, новобаста аз ин, Ҷопон марзашро барои сайёҳон накушодааст. Раводид танҳо барои сафарҳои корӣ, таҳсил ва нафароне дода мешавад, ки дар Ҷопон истиқомат мекунанд.

Мусофирон пас аз расидан ба Ҷопон бояд карантинро риоя кунанд. Аз ҷумла, онҳо бояд пеш аз парвоз, на бештар аз 72 соат қабл аз ташхиси коронавирус гузаранд. Дар фурудгоҳи Токио низ мусофирон аз ташхиси коронавирус мегузаранд. Новобаста аз натиҷаҳо, 14 руз карантин карда мешаванд.

То имрӯз Русия бо 14 кишвар парвозҳои муқаррариро барқарор кардааст.

Аз ҷумла, аз 1 август марзҳои кишвар бо Туркия, Британияи Кабир ва Танзания, аз 15 август бо Швейсария, аз 2 сентярбр бо Миср, АМА, Малдиви, аз 27 сентябр бо Кореяи Ҷанубӣ, аз 21 сентябр бо Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон ва аз 15 октябр бо Сербия ва Куба боз шуд.

Аммо бо Тоҷикистон бошад парвоҳо то ҳол барқарор нашудаанд. Марзҳоро ба рӯи ҳам ин ду кишвар аз 27 март бо далели коронавирус баста буданд.

Аммо ба ин нигоҳ накарда, байни кишварҳо парвозҳои махсус ба роҳ монда шудаанд. Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Русия моҳҳои сентябр ва октябр байни ду кишвар 140 парвоз анҷом дода шудаст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий