Тайи чанд рӯзе, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар шаҳру навоҳии кишвар қарор дошт, бо иштироки Сарвари давлат чандин иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Бале, ин хуб аст, ки ба шарофати ташрифи Пешвои миллат ба ин ё он маҳал, баъзе аз раисони шаҳру навоҳӣ аз хоби ғафлат бедор ва дар пайи ободониву бунёд мегарданд. Дар чунин маврид зоҳиру ботини масъулин маълуми ҳамагон мегардад. Аммо аксар аз мардум посухҷӯи ин суоланд, ки чаро масъулини маҳалро анъанаву одат дар замир шуда, ки танҳо бо омад-омади Сарвари давлат ҳам захираи маблағ пайдо мекунанду ҳам неру ва кори дусоларо дар се моҳ татбиқу амалӣ карда, аз тамоми имконот истифода бурда, шаҳру навоҳиро ободу шукуфо месозанд?
Мардум аз баанҷомрасии корҳои ободониву бунёди иншоот ва тозакориҳову тахту ҳамвор кардани роҳҳои фарсуда ба ваҷд омада, хулоса мекунанд: “Мешудааст-ку”?
Қаблан роҳҳои марказии ноҳияи Шаҳритус ва дару девори биноҳои маъмуриву атрофу акнофи ноҳия фарсудаву пур аз ахлот буд, ки аз чунин манзараҳои нохуб табъи ҳар меҳмони аввалин маротиба ба ин гӯшаи Ватан ташрифоварда хира мегашт. Қабл аз сафари Пешвои миллат ба ноҳия, аз масъулин сар карда, то хонандагони макотиб дасту остин барзада ба ҳашар баромаданду дар як муддати кӯтоҳ раставу кӯчаҳои маркази ноҳияро ба гулистони воқеӣ табдил доданд. Президент зимни боздид аз ободкориҳо аҳсан ба мардум хонд, лек аз он эрод гирифт, ки роҳбарони ноҳия дар бунёду сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ фориғболанд. Воқеан ҳам, шигифтангез аст, вақте масъулини ноҳия танҳо чанд дона харбузаву ангуру себи ба орият гирифтаву тарабхонае ва боғи истироҳатиеро ҳисобот-намоишномаи сафари Пешвои миллат мекунанд. Чунин корро ҷуз хокпошӣ бар чашми Сарвари давлат ва мардуми ноҳия наметавон чизи дигар тафсир кард. Бунёду мавриди истифода қарор додани ҳар гуна тарабхонаву марокизи тиҷоратӣ магар метавонад кисаи холии мардумро пур созад?
Чанд сол пеш бо иштироки Пешвои миллат дар маркази ноҳияи Шаҳритус ҶДММ ДУК мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда буд, ки тибқи иттилоъ мебоист корхонаи мазкур коркарди пилла ва адрасбофиро роҳандозӣ мекард. Аммо бо гузашти чанд муддат суръати фаъолияти корхонаи мазкур суст гашт. Ҳамчунин, Сарвари давлат қаблан дар назди коргоҳи мазкур санги асоси корхонаи бофандагиро гузошта буд ва қарор буд, то дар солҳои наздик корхонаи мазкур мавриди бунёду баҳрабардорӣ қарор мегирифт. Аммо ба гуфтаи коршиносони ноҳияи Шаҳритус, корхонаи ДУК-ро ҳам манфиатҷӯёне зери даст карданд, ки фаъолияташ то андозае коҳиш ёфт. Бале, маҳз чунин омилҳо дасту дили аксар соҳибкорони ватаниро сарду хунук мегардонад, вагарна даҳҳо соҳибкороне арзи ҳастӣ доранд, ки омодаанд чандин корхонаҳо бунёд карда, садҳо нафарро бо ҷойи кор таъмин кунанд. Хуб, ин мавзӯи алоҳида аст ва албатта, онро пайгирӣ хоҳем кард…
Мақсад аз иншои матлаби мазкур посух ёфтан ба он суол аст, ки магар раисони шаҳру навоҳӣ наметавонанд мустақилона иқдоме рӯи даст гирифта, барои беҳбуд бахшидан ба рӯзгору зиндагӣ ва фароғату истироҳати мардум бидуни ташриф ва иштироки Сарвари давлат корҳоеро ба анҷом расонанд?! Аз мардуми шаҳру навоҳӣ ин суолро пурсӣ як ҷавоб мегӯянд: Не, масъулин пайи манфиати худанд ва кош, Пешвои миллат ҳар семоҳа сафари корӣ ба шаҳру навоҳӣ анҷом медоданд ва аз масъулин талаби иҷрои супоришҳо мекарданд. Бале, он вақт ками андар ками соҳибмансабон довталаб ба курсии раиси шаҳру навоҳӣ мешуданд ва беҳтаринҳову уҳдабароҳо масъулиятро бар дӯш мегирифтанд. Фикр мекунам, ин ягона роҳу василаест, ки содиқ будани соҳибмансабон ба Пешвои миллат ва халқро муаррифӣ мекунад!
Комментарии (0)