< Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
​Дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти минтақаҳои наздисарҳадӣ дар Осиёи Марказӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳдидҳои киберӣ баррасӣ шуданд.
Ба тақвияти муносибатҳои шарикӣ дар соҳаи нақлиёт ва амнияти озуқаворӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Ҳамчунин ҳамоҳангии фаъолият дар соҳаи технологияҳои нави  рақамӣ ва  инфрасохтор мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни вохӯрӣ директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо ба котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ оид ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушд ва татбиқи зеҳни сунъӣ ва амнияти киберӣ маълумот дод.

Аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ протоколи дахлдор ба имзо расонида шуд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий