< “Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон дар Данғара раисони шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкоронро ба сохтмони роҳ, мактабу кӯдакистон, бунгоҳи тиббӣ даъват карда гуфт, ки онҳо бояд бо мардум бештар кор кунанд.

Тибқи иттилои расмӣ, раисҷумҳур рӯзи 25-уми апрел дар як мулоқот фаъолияти ҳукумати вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияи онро дар семоҳаи аввали соли 2026 бо ширкати масъулин таҳлил ва баррасӣ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ камбудиҳои ҷойдоштаро баррасӣ карда, барои ислоҳи он масъулини шаҳру ноҳияро муваззаф кардааст. Раисҷумҳур масоили дарёфти захира ва имкониятҳои нав барои рушди минбаъдаи вилояти Хатлон ва бунёди сохтмонҳои навро низ ба миён гузоштааст.

Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Хатлонро муваззаф кардааст, ки барои бунёди сохтмонҳо соҳибкорону шахсони саховатпешаро ҷалб карда, то охири соли ҷорӣ садҳо сохтмони нави ҷашниро ба истифода супоранд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти вилояти Хатлон давоми моҳҳои январ-марти соли 2026 ба 7 миллиарду 208 млн сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8% зиёд будааст. Гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон дар се моҳаи аввали имсол ба 1 миллиарду 240 млн сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,3% афзудааст.



Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки чунин суръати рушд ва саҳми вилоят дар иқтисоди миллӣ, бо дарназардошти имкониятҳои бузурги иқтисодии вилояти Хатлон «ҳанӯз қонеъкунанда нест». Ӯ гуфтааст, ки бо истифодаи иқтидорҳои мавҷуда суръати рушди иқтисодӣ, бахусус, дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ ва содиротро афзоиш диҳанд.

Инчунин раисҷумҳур роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдорро ба баланд кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва хидмат ба онҳо даъват карда, гуфтааст, ин яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи масъулин маҳсуб мешавад.

«Баъзан деҳаҳое, меравӣ, ки дар ҳайрат мемонӣ, табъат хуш мешавад, чӣ қадар ҷойҳои корӣ дар як шаҳрак. Аз кӣ вобастагӣ дорад? Аз роҳбар! Бо мардум кор кардан, 10 оила дар якҷо бошад бо онҳо кор кардан даркор. Пеш аз ҳама дар фикри роҳ, барқ, об, мактаб, муассисаҳои томактабӣ, бунгоҳи тиббӣ, маркази саломатӣ. 80%-и аҳолӣ дар деҳот аст, бо мардум шумо сарикор доред, мардумро ба роҳи дуруст ҳидоят кунед, то ҳарчӣ зудтар аз мушкилоте, ки имрӯз ҳаст берун шавем»,-гуфт раисҷумҳур.

Роҳбарону масъулини вилояти Хатлон барои ҷалби сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди истеҳсолот ва афзоиши содирот вазифадор шудаанд.



Инчунин роҳбари кишвар, масъулинро ба иҷрои пурра ва саривақтии нақшаи даромади буҷет, таҳкими интизоми андоз ва ҳалли бақияи қарзи андозҳо даъват кардааст.

Раисҷумҳур ба масъалаи барқарор кардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, ба рушди саноати коркард, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ таваҷҷуҳ ва масъулинро ба бартараф кардани камбудиҳо дар истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва ҷамъоварии пурраи маблағи барқи истифодашуда даъват кардааст.

«Дар соҳаи кишоварзӣ аз масъулини соҳа истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, истифодаи сарфакоронаи захираҳои об талаб карда шуд», — навиштааст манбаъ.

Роҳбари кишвар таъкид кардааст, ки дар соҳаи тандурустии вилояти Хатлон сарфи назар аз бунёду таъмири муассисаҳои тиббӣ, солҳои охир як қатор мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мондааст. Дафтари матбуоти раисҷумҳур дар ин хусус мушаххас чизе нагуфтааст, вале навиштааст, ки раисҷумҳур ба роҳбарон ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо дар соҳаи тандурустӣ ва маориф супориш додааст.
Дар ин мулоқот инчунин вазъи риояи қонуну тартибот ва мубориза бо ҷинояткорӣ муҳокима шудааст.

«Агар насли ҷавонро тарбия накунем, мо на пеши роҳи экстеримизм, тероризм ва на қочоқи маводи мухуддиррро гирифта метавонем. На ҷинояткории фаромиллӣ ва на ҳисси ватандӯстии мардум баланд мешавад.  Аз шумо вобастагӣ дорад»,-таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Бояд гуфт, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон рӯзи 24-уми апрел оғоз шуд. Дар доираи ин сафар ӯ нахуст дар шаҳри Норак чарха (агрегат)-и № 7 нерӯгоҳи барқии обии Норакро пас аз таъмир ба истифода дода дар ин шаҳр чанд корхона ва сохтмонҳои гуногунро  ифтитоҳ кард.


Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий