COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 8241 нафар расид
Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 38 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар муддати аз 30 апрел то 21 август шумораи гирифторони коронавируси нав ба 8241 нафар расида, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.Бино ба иттилои манбаъ, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 7040 ё худ 85,4%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар ин муддат 66 нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд.
«Шабонарӯзи охир 78 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 34 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуданд аз маркази матбуоти вазорат.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.
Комментарии (0)