< Се соҳаи фасодзадатарин дар Тоҷикистон: агентӣ гуфт дар куҷо чанд то » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Се соҳаи фасодзадатарин дар Тоҷикистон: агентӣ гуфт дар куҷо чанд то

Се соҳаи фасодзадатарин дар Тоҷикистон: агентӣ гуфт дар куҷо чанд то
Танҳо дар шаш моҳи ҷорӣ Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод дар соҳаи маорифи кишвар 88 ҷиноят, мақомотҳои иҷроия - 116 ва соҳаи бонкдорӣ - 96 ҷиноят ошкор кардааст

Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар рафти нишасти матбуотӣ омори фасоди идораҳои давлатии кишварро ироа кард.

Бино бар иттилои манбаъ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ агентӣ 403 тафтиш гузаронида, 149,8 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор кардааст.Манбаъ меафзояд, агентӣ ҳамчунин 1218 ҷинояти коррупсиониро муайян кардааст.

"Дар ин давра аз ҷониби кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ 116 ҷиноят, соҳаи маориф ва илм - 88 ҷиноят, тандурустӣ - 41, нақлиёт - 9, кишоварзӣ - 71, адлия - 21, меҳнат - 22, саноат - 2, молия - 2, энергетика ва захираҳои об - 1,  кумитаи идораи замин - 60, "Барқи тоҷик" - 7, соҳаи бонкӣ - 96 ҷиноят ва ғайраҳо содир кардаанд", - афзуд манбаъ.

Аз ҷониби Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод 372 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакии 266а дади он нисбат ба 361 нафар ба анҷом расидааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий