< Ҳавопаймои махсус барои панҷ нафар: бозгашти шаҳрвандони боқимондаи Тоҷикистон аз Кувайт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҳавопаймои махсус барои панҷ нафар: бозгашти шаҳрвандони боқимондаи Тоҷикистон аз Кувайт

Ҳавопаймои махсус барои панҷ нафар: бозгашти шаҳрвандони боқимондаи Тоҷикистон аз Кувайт
Ахиран ширкати ҳавопаймоии Давлати Кувайт панҷ шаҳрванди боқимондаи Тоҷикистонро аз ин кишвар ба Ватан баргардонд

Санаи 10 июн панҷ шаҳрванди боқимондаи Тоҷикистон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ бар асари ҳамагирии COVID-19 дар Давлати Кувайт дармонда буданд, бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии Давлати Кувайт ба Душанбе баргардонида шуданд.

Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додаас.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳамчунин тавассути парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии Давлати Кувайт 15 тонна кӯмакҳои башардӯстонаи Асосгузор ва Раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои ал-Ғоними Давлати Кувайт Фуод бин Муҳаммад ал-Ғоним иборат аз таҷҳизоти тиббӣ барои мубориза бо COVID-19 ба Душанбе оварда шуд.

Бояд гуфт, ки санаи 5 июн тавассути ду парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии Давлати Кувайт 22 тонна кӯмакҳои башардӯстонаи Асосгузор ва Раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои ал-Ғоними Давлати Кувайт Фуод бин Муҳаммад ал-Ғоним иборат аз таҷҳизоти тиббӣ барои мубориза бо COVID-19 расида буд.

Инчунин, ин соҳибкори кувайтӣ 38 ҳазор адад либоси муҳофизатии тиббиро аз Чин харидорӣ ва ба Тоҷикистон ирсол намуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий