Даргузашти Саидшо Акрамов, ҷарроҳи шинохта аз коронавирус

Саидшо Акрамов яке аз табибони варзидаи ҷарроҳ ва ҳамзамон адиби шинохтаи кишвар дар синни 72 солагӣ аз олам даргузашт
Яке аз наздикони табиби шинохта дар суҳбат гуфт, Акрамов бомдоди имрӯз дар беморхонаи ноҳияи Масҷоҳ фавтиданд.
Ба иттилои манбаъ, наздикон ба ин бовар буданд, ки устод аз сактаи қалб даргузаштаанд, аммо вуҷуди коронавирус дар устод низ ба ин боис гаштааст.
Чанде қабл хабарҳо дар бораи бистарӣ шудани ин табиб дар беморхона пайдо шуда, гуфта мешуд ӯ аз бемории коронавирус ранҷ мекашад.
Саидшоз Акрамов 27 апрели соли 1948 дар дезаи Виткони Кўҳистони Мастчоҳ дар оилаи омўзгор ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна соли 1965 ба Донишгоњи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил гардида, онро соли 1971 хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ ба деҳа баргашта яке аз аввалин ҷарроҳони ноҳияи Мастчоҳ шуда, фаъолиятро оғоз намуда, то ба имрўз шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст. Дар ин муддат ба ҳайси мудири шуъбаи “Ҷарроҳии урология ва травматология”, ёрдамчии сардухтор кор кардааст.
Саидшоҳ Акрамов дар баробари табиби варзидаву нотакрор будан, ба адабиёти тоҷик хусусан ба осори Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ва Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ, аз адабиёти Ғарб аз Нитшеву Кафка, Сорту Камю огаҳии зиёд дошта, абёти зиёде аз осори Мавлонои Румро ҳифз намудааст.
Марҳум то имрўз раиси Ҷамъияти "Дониш"-и ноҳияи Масчтоҳро ба уҳда дошта, намояндаи фаъоли "Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон-ПАЙВАНД" дар вилояти Суғд мебошад.
Мақолаҳои илмиву оммавии Саидшоҳ Акрамов дар маҷаллаву рўзномаҳои ҷумҳурӣ мунтазам нашр мешуд.
Муаллифи зиёди аз 30 мақолаи илмӣ мебошад. Мақолоти дар мавзўи фарҳанг нашрнамудаи ўро ба инобат гирифта Вазорати фарҳанги ҶТ соли 2012 Саидшоҳро ба нишони "Аълочии фарҳанги ҶТ" қадр кардааст.
Комментарии (0)