< Доктор Абдулло Давлатов ба коронавирус сироят ёфт: ӯ роҳи табобатро ба дигарон ҳам гуфт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Доктор Абдулло Давлатов ба коронавирус сироят ёфт: ӯ роҳи табобатро ба дигарон ҳам гуфт

Доктор Абдулло Давлатов ба коронавирус сироят ёфт: ӯ роҳи табобатро ба дигарон ҳам гуфт
Доктори номии тоҷик, ки муқими Маскав аст, аз сироят ёфтанаш ба коронавирус хабар дод. Ӯ ба дигарон маслиҳат дод, ки дар роҳи мубориза бо ин вируси "маккор" кадом шеваро бояд истифода бурд

Доктор Абдулло Давлатов, пизишки тоҷик ва раҳбари пешини Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия аз сироят ёфтанаш ба вируси корона хабар дода, ба корбарони Фейсбук маслиҳат додааст, ки дар мубориза бо КОВИД-19 бояд чӣ кор кард.

Ба қавли Давлатов, ӯ ҳангоми табобати гирифторони коронавирус дар яке аз дармонгоҳҳои Москав худ ба ин маризӣ печидааст.

"Бистуми апрел шӯъбаи терапиро давр задам ва онҷо 3 беморе буданд, ки дар якеаш плеврит ташхис кардему ҳамон рӯз фавран пунктсия карда 1.5 литр моеъ аз пардаҳои шуши чапаш гирифтему ба лаборатория фиристодем. COVID-19 ёфтанд. Боз 2 нафари дигар аз ҳамон шӯъба сироят шуда будаанд. Шӯъбаро фаврӣ карантин кардему мо ҳама муоина шудему ба карантини хонагӣ рафтем", - менависад доктор.

Давлатов афзудааст, "дар аввал ҳеҷ шикояте надоштам ва ягон аломат пайдо набуд. Вале, ба тадриҷ дар нафаскашӣ мушкилӣ пайдо шуд. Пулсоксиметрия нишон дод, ки О2 дар хун 95% аст. Ин ҳушдорӣ буд, агарчӣ бонги хатар ҳам набуд. Рӯзи 15 натиҷа маълум шуд - COVID-19. Фаврӣ бистарӣ карданд."

Пизишки тоҷик гуфтааст, ки дар бемористон табобаташ 3 рӯз идома ёфт ва аллакай мураххас шудааст.

Табиб маслиҳат додааст, ки бо ду дору метавон ин вирусро табобат кард, ки яке Гидроксихлорохин ва дигаре  Азитромитсин аст.

"На зарурати чак-чак асту на сӯзандоруву на ғайраи зараровар", - менависад вай.

Албатта, ин ду дорӯ бо тавсияи духтур бояд истифода шаванд, таъкид мекунад Абдулло Давлатов.

Комментарии (0)

Оставить комментарий