Вазорати маориф хабарҳои додани маоши омӯзгорон барои мубоиза бо COVID - 19-ро рад кард

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабарҳо дар бораи гардонидани қисме аз маоши омӯзгоронро барои мубориза бо коронавирус бепоя хонд
Эҳсони Хушбахт, сухангӯи ин ниҳод навиштаҳои Аъзамжон Юнусов, як корбари фесбукро, ки гӯё 40% маоши омӯзгоронро барои мубориза бо КОВИД-19 мегардондаанд ва омӯзгорон аз 40% маош маҳрум мегарданд, рад кар.
Ба гуфти сухангӯи Вазорати маориф, ҳеҷ дастуре нашудааст, ки маоши омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ барои мубориза бо КОВИД-19 равона шавад ё қисме аз он барои он кор боздошта шавад.
Ба таъкиди Эҳсони Хушбахт, омӯзгорон маоши худро пурра мегиранд ва ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накунанд.
Ӯ мегӯяд, дар сурати он ки аз ҷониби ин ё он ниҳод дастур шавад, ки маоши омӯзгор барои мубориза бо КОВИД-19 гардонида шавад, ба телефони боварии вазорат-227-76-86 тамос гиред.
Номбурда аз сокинон даъват кардааст, ки ҳангоми навиштан ва ё занг задан ҳатман бо факту далел муроҷиат намоянд, на оз рӯйи шунидаву овозаҳо.
Комментарии (0)