Орд арзон мешавад? захираи 480 тонна орд ва 500 тонна гандум дар Рашт

Корхонаи "Захира дар минтақаи Рашт" орди навъи якумро бо нархи 215 сомонӣ ва навъи дуюмро бо нархи 167 сомонӣ ба сокинон пешниҳод намудааст
Корхонаи истеҳсоли орди Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт имрӯзҳо барои ба танзим даровардани нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал беш аз 500 тонна гандум захира намудааст.
Ҳамчунин ин корхона ба воситаи мағозаҳои зертобеаш дар ноҳияҳои Рашт 210 тонна орд, Ҷамоати деҳоти Сағирдашт 100 тонна, Сангвор 70 тонна, Лахш 50 тонна ва Тоҷикобод 50 тонна орди хушсифат захира намудааст.
"Корхона орди навъи якумро бо нархи 215 сомонӣ ва навъи дуюмро бо нархи 167 сомонӣ ба сокинони ин ноҳияҳо пешниҳод намудааст", - омадааст дар хабарнома.
Дар ин бора сармуҳосиби Корхонаи фаръии "Захира дар минтақаи Рашт" Сироҷиддин Мирзоаҳмадов ба АМИТ "Ховар" хабар додааст.
Корхонаи фаръии "ахира дар минтақаи Рашт" имрӯзҳо дар ноҳияҳои мазкур 22 тонна шакарро ба маблағи 6 сомону 20 дирамӣ, 5000 литр равғанро бо нархи 12 сомонӣ, 5 тонна макаронро бо нархи 5 сомонию 50 дирам, 4 тонна марҷумакро ба маблағи 8 сомонию 50 дирамӣ ба фарӯш гузоштааст.
Инчунин 80 тонна ҷав ва 15 тонна сабусро барои хӯроки чорво бо нархи нисбат ба бозор арзонтар ба сокинони ноҳияҳои мазкур пешниҳод намудаанд.
Корхонаи истеҳсолии орд дар ноҳияи Рашт соли 2014 аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба танзим даровардани нархи орд дар бозорҳои минтақаи Рашт таъсис ёфтааст. Он имрӯзҳо барои ба танзим даровардани нархи маҳсулот дар мағозаю бозорҳои минтақа саҳми арзанда дорад.
Комментарии (0)