Вазири маориф дастур дод: олимпиадаҳо манъ ва муҳассилин ниқоб пӯшанд

Вазири маорифи Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, ки ҳамзамон роҳбарии ситоди дохилиидоравиро ба зимма дорад, дастур додааст, ки ҳамаи муҳассилин ба макотиб бо ниқоби тиббӣ ҳозир шаванд
Бо дастури Вазири маорифи Тоҷикистон, иштироки толибилмони тоҷик дар озмунҳои байналмилалӣ муваққатан манъ карда шудааст.
Ин тасмими Имомзода дар робита ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии маризии сироятии коронавирус гирифта шудааст.
Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, чанде қабл бо мақсади расонидани маълумотҳои пешгирикунанда аз сирояти коронавирус Ситоди дахлдор таъсис дода шуд, ки роҳбарии он ба зиммаи Вазири маориф Муҳаммадюсуф Имомзода вогузор шудааст.
Зимнан, Имомзода дастур додааст, ки дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, тозагӣ ва меъёрҳои гигиенӣ риоя шуда, истифодаи ниқоби тиббӣ роҳандозӣ шавад.
Ҳамзамон, бо дархости Вазири маориф дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, маводи хӯрокӣ ва маводи зиддивирусӣ харидорӣ ва захира шавад. Иштироки толибилмони тоҷик низ дар озмунҳои байналмилалӣ муваққатан манъ карда шудааст.
Дар Тоҷикистон то имрӯз ҳолати сироятёбӣ ба вируси мазкур ба қайд гирифта нашудааст, бо вуҷуди ин, бо мақсади пешигирӣ аз ин беморӣ мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ҳар як нафар гигиенаи шахсиро риоя намуда, дастонро бояд тез- тез бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда шӯяд.
Комментарии (0)