< Ғайриқаноатбахш: супориши Аҳмадзода барои "ҷазо" - и мақомдорони Суғд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ғайриқаноатбахш: супориши Аҳмадзода барои "ҷазо" - и мақомдорони Суғд

Ғайриқаноатбахш: супориши Аҳмадзода барои "ҷазо" - и мақомдорони Суғд
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода супориш дод, ки нисбат ба шахсони масъуле, ки дар самти таъмини иҷрои Стратегия ба саҳлангорӣ роҳ додаанд, чораҳои интизомиро татбиқ намоянд.

Рӯзи 7 – уми феврал Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба таъмини иҷрои Фармони президент “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2013 - 2020” ҷаласа баргузор кард.

Таҳлили вазъи иҷрои бандҳои Стратегия дар соли 2019 ва моҳи январи соли 2020 аз он шаҳодат медиҳад, ки аз 16 банде, ки муҳлати иҷрояшон то имрӯз муайян гардидааст, фаъолият дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истиқлол, Ашт, Мастчоҳ, Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов ғайриқаноатбахш арзёбӣ мегардад.

Давоми ҳафтаи сипаришуда аз ҷониби кормандони масъули Мақомоти вилоят ва Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолияти шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Истиқлол, Конибодом, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров дар самти таъмини иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 мавриди санҷиш қарор гирифт.

Санҷишҳо собит намуданд, ки фаъолияти шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов дар ин самт ғайриқаноатбахш ба роҳ монда шудааст.

Зеро аз 16 банди нақшаи чорабиниҳое, ки дар соли 2019 бояд мавриди иҷро қарор мегирифтанд, нисбат ба иҷрои ягон банд корбарӣ ба роҳ монда нашудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода бобати иҷрои саривақтии бандҳои Стратегия дастур дода, масъулин, аз ҷумла раисони шаҳру ноҳияҳо ва Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро вазифадор намуд, ки камбудиву норасоиҳои мавҷударо фавран бартараф намуда, нисбат ба шахсони масъуле, ки дар самти таъмини иҷрои Стратегия ба саҳлангорӣ роҳ додаанд, чораҳои интизомиро татбиқ намоянд.

Таҳлили вазъи содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионидошта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят собит намуд, ки дар соли 2019 дар миқёси вилоят 505 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Теъдоди ҷиноятҳои содиргардида дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 124 ҷиноят, Панҷакент 74, Бобоҷон Ғафуров 54, Ҷаббор Расулов 45, Ашт 29, Истаравшан 27, Спитамен 21 ва Деваштич 20 ҷиноятро дарбар мегирад.

Маълумоти оморӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар ҳудуди вилояти Суғд дар даври ҳисоботӣ ҷиноятҳои коррупсионӣ байни кормандони соҳаи тандурустӣ, Вазорати маориф, сохторҳои бонкӣ, кумитаи идораи замин ва сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гаштааст.

Аз ин ҳолат Раиси вилоят изҳори нигаронӣ намуда, таъкид дошт, ки муборизаи шадид бо коррупсия на фақат барои солимгардонии муҳити ҷомеа хизмат мекунад, балки ба афзоиши обрӯю эътибори байналхалқии давлат мусоидат хоҳад намуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар фарҷоми ҷаласа дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта, баҳри ислоҳи камбудиҳо онҳоро муваззаф намуд ва даъват ба амал овард, ки “дар самти муқовимат ба ҷиноятҳои коррупсионӣ ошкоро оид ба камбудиву норасоиҳо сухан ронда, роҳҳои нави муборизаро ба ин падидаи номатлуб амалӣ намоем, зеро танҳо бо ваҳдату ҳамбастагӣ метавон, коррупсияро барҳам дод”.

Комментарии (0)

Оставить комментарий