Дар нуҳ сол муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар 60 дарсад коҳиш ёфт

Муовинони Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишастӣ матбуотӣ таъкид доштааст, ки муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҷумҳурӣ ба хориҷ аз кишвар дар соли 2019 нисбат ба соли 2010 60 дар сад коҳиш ёфтааст
Ҳамзамон Нурулло Махмадуллоев, муовинони Вазир қайд кард, ки соли 2019 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба хориҷ аз кишвар барои муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд 503 ҳазору 883 нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2018 13% кам афзоиш ёфтааст.
Вай афзуд аз шумори умумии шаҳрвандонни Тоҷикистон, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд 453 870 нафараш мард ва 77 ҳазору 13 нафараш зан будаааст.
Инчунин вай қад кард, ки дар соли 2018 раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷ аз кишвар дар соли гузашта нисбат ба соли 2018 теъдоди 62 ҳазору 618 ё 13 дарсад афзоиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, Нурулло Махмадуллоев зикр кард, ки шидати муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишвар нисбат ба соли гузашта паст шуда, дар соли 2019 нисбат ба соли 2010 раванди муҳоҷират 60 дар сад коҳиш ёфтааст.
Ҳамчунин вай афзуд, дар соли гузашта 419 ҳазору 150 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷ ба ватан баргаштаанд, ки аз ин шумор 344 ҳазору 2 нафараш мард ва 75 ҳазору 148 нафараш зан будаааст.
Вай таъкид кард, ки ин нишондиҳанда аз он шаҳодат медиҳад, ки раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар хусусияти мавсимӣ дорад.
Ҳамхзамон муовини вазир афзуд, аксари муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон барои ҷустуҷӯи кор ба Русия сафар мекунанд.
Комментарии (0)