< "Милисаи дастрас": ном, суроға ва рақами телефони ҳар як нозир дар кӯчаҳои Душанбе » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

"Милисаи дастрас": ном, суроға ва рақами телефони ҳар як нозир дар кӯчаҳои Душанбе

"Милисаи дастрас": ном, суроға ва рақами телефони ҳар як нозир дар кӯчаҳои Душанбе
Дар ҳар бинои истиқоматии шаҳри Душанбе, рақамҳои телефон, суроға ва ному насаби ҳар як нозири минтақавӣ насб мешавад

 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, дар даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматӣ, ташкилоту муаассисаҳо, кӯчаву хиёбон рақамҳои телефони ВКД, суроғаи утоқи кории нозири минтақавӣ, ному насаб ва рақамҳои телефони нозири минтақавиро насб намояд.

Бино ба гузориши ин ниҳод, мақсад аз ин иқдом, дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкории ҷомеа бо милитсия мебошад.

"Аллакай аз ҷониби нозирони минтақавии милитсия дар як қатор кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ва назди даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматӣ навиштаҷоти "ТАВВАҶҶУҲ" бо суроғаи Нозири минтақавии милитсия ва рақамҳои телефони мобилии он насб карда шудааст", - омадааст дар хабарнома. 

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон, сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати пешгирии ҳодиса ва амалу кирдорҳое, ки боиси халалдор гардидани осоиштагии шаҳрвандон мегардад, худро бетараф нагирифта, бо мақомоти милитсия, махсусан нозири минтақавии худ дар иртибот бошанд.

Манбаъ афзуда, ки милитсияи пойтахт шаҳрвандонро бовар мекунонад, ки бо дастгирӣ ва ҳамкории зичи Шумо, пеши роҳи ҳама гуна амалу кирдорҳои зидди ҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок гирифта шуда, осоиштагиву сулҳу субот таъмин карда хоҳад шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий