< Вазир дар бораи хатти форсӣ ва “маршировка”-ҳо » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Вазир дар бораи хатти форсӣ ва “маршировка”-ҳо

Вазир дар бораи хатти форсӣ ва “маршировка”-ҳо
Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири нави маориф ва илми Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ назараш дар бораи гузаштан ба хатти форсӣ ва иштироки муҳассилин дар чорабиниҳои давлатӣ, ба истиллоҳ “маршировка”-ҳоро гуфт

 Имомзода гуфт, масъалаи гузаштан аз хатти кириллӣ ба хатти форсӣ дар миён нест, танҳо дар макотиби миёна ва олӣ соатҳои муайян ин хати ниёкон таълим дода мешавад.

“Ба ин хат мероси ҳазорсолаи мо маҳфуз аст ва ба хотири шахсоне, ки бо ин мерос шинос шудан мехоҳанд, мо ин хатро меомӯзонем. Аммо гапи гузаштан ба ин хат вуҷуд надорад”, - изҳор дошт вазири нави маориф.

Ӯ дар мавриди иштироки муҳассилини макотиби олӣ дар маъракаю чорабиниҳо, ба истиллоҳ “маршировка”-ҳо изҳор дошт, ки ҳамчун шаҳрванд, ҳамчун ҷузъи ҷомеа ва давлат ҳама вазифадоранд, дар маъракаҳою ҷашнҳои миллӣ ширкат варзанд. Ӯ таъкид намуд, бо он чорабиниҳое, ки феълан шинос шудааст, ҳама аз дарс берунанд.

"Як гап мегӯям, ҳар сол се моҳ пахта мечидам, имрӯз академик ҳам ҳастам, профессор ҳам ҳастам. Пахтачинӣ ҳам барои ман як мактаби зиндагӣ, мактаби дӯстию рафоқат буд. Он меҳру муҳаббате, ки дар давраи пахтачинӣ бо ҳамкурсҳо пайдо кардем, шояд ягон ҷамъомаду ҳолати дигар мардумро ин қадар муттаҳид накунад", - зикр намуд Имомзода.

Вазири маориф таъкид намуд, кӯшиш хоҳанд кард, ки иштирок дар чорабиниҳо ба раванди дарс ва сифати таълим халал нарасонад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий