< Юсуф Раҳмон: бо гумони аъзо будан дар "Ихвон-ул-муслимин" 113 нафар боздошт шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Юсуф Раҳмон: бо гумони аъзо будан дар "Ихвон-ул-муслимин" 113 нафар боздошт шуд

Юсуф Раҳмон: бо гумони аъзо будан дар "Ихвон-ул-муслимин" 113 нафар боздошт шуд
Прокурори генералии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, 113 нафар бо гумони узвият дар созмони мамнуъи "Ихвон-ул-муслимин" ба ҳабс гирифта шуданд

Юсуф Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, алайҳи 113 нафар бо иттиҳоми узвият дар созмони экстремистӣ-террористии "Ихвон-ул-муслимин" парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.

Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир, муфатишони Прокуратура дар ҳамдасти бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Вазорати корҳои дохили ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ин парвандаҳоро таҳти баррасӣ қарор додаанд.

Юсуф Раҳмон ҳамчунин афзуд, ки нисбати дигар аъзоёни ин ташкилоти террористӣ корҳои фаврӣ ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ идома доранд.
“Ташкилоти мазкур тибқи ҳалномаи суди олии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ экстремисти эълон карда шудааст ва фаъолият намудан ҳамчун аъзои ин ташкилоти террористӣ-экстреместӣ тибқи қонунгузорӣ манъ аст ва узвият дар ин ташкилот тибқи қонунгузорӣ манъ аст. Касе ки аъзои ин ташкилот мебошад, мо ӯро ошкор мекунем ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашем”, - гуфт Прокурори генералӣ.

Ва афзуд кард, ки ҳадафи ин ташкилоти террористӣ сарнагун кардани ҳокимият бо роҳи зуроварӣ  ва барқарор намудани давлати исломӣ дар ин ё он давлати дунё мебошад.

“Қариб дар ҳамаи давлатҳое, ки ин ташкилоти террористӣ фаъолият менамояд, ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эътироф шуда фаъолияташ манъ карда шудааст. Дар Тоҷикистон шахс барои узвият дар ин ташкилот ба ҷавобгарӣ мешавад”, - таъкид кард Додситони кулли Тоҷикистон.

Прокурори генералӣ дар шарҳи боздоштҳои ҳафтаҳои ахир афзуд, миёни онҳо як нафар аз мақомоти иҷроияи ҳукумати шаҳри Исфара қарор дорад ва ӯ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

Ба қавли ӯ зиёда аз 20 нафари дигар ба иттиҳоми узвият дар созмони "Ихвон-ул-муслимин" боздошт шудаанд, ки иддаи аз донишгоҳҳои олӣ ва мақомоти ҳукуматӣ ҳастанд.

“Дар куҷое, ки аъзоёни  созмони мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин" кор накунанд, дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Новобаста аз онки онҳо дар мақомот кор мекунанд ё ҷои дигар", - гуфт Юсуф Раҳмон.

Созмони "Ихвон-ул-муслимин", ҳануз соли 2006 аз сӯи Суди олии Тоҷикистон, дар рӯйхати созмонҳои мамнӯъи экстремистӣ-террористӣ ворид шудааст. Соли 2016 низ чанд имомхатиб дар вилояти Суғд бо ҷурми узвият дар ин созмони мамнуъ ба зиндон маҳкум шуда буданд.

"Ихвон-ул-муслимин" як созмони мазҳабӣ ва сиёсист, ки соли 1928 дар Миср таъсис ёфта, фаъолияташ дар бархе аз кишварҳои арабӣ низ мамнуъ аст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий