< Интиқоди Раҳмон аз кори театрҳои Тоҷикистон ва ҷаласаи Орумбекзода » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Интиқоди Раҳмон аз кори театрҳои Тоҷикистон ва ҷаласаи Орумбекзода

Интиқоди Раҳмон аз кори театрҳои Тоҷикистон ва ҷаласаи Орумбекзода
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода пас аз интиқоди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сифати пасти намоишҳои театрӣ, бо роҳбарони муассисаҳои театрию консертӣ ва коргардонҳо вохӯрӣ анҷом дод

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва муовини аввали вазири фарҳанг Обидҷон Назариён бо роҳбарони муассисаҳои театрию консертӣ, роҳбарони ансамблҳои ҳунарӣ ва коргардонҳо вохӯрӣ анҷом доданд. хабар медиҳад котиботи Вазорати фарҳанг.

Мулоқоти вазир бо роҳбарони муассисаҳои театрӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки чанде қабл раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи маҷлиси васеи Ҳукумат аз сифати намоишҳои театрӣ ва барномаҳои консертӣ интиқод кард.

Зимнан, вазири фарҳанг бо баргузор кардани вохӯрӣ бо роҳбарони муассисаҳои театрӣ ва консертӣ масоили омолагӣ ба ҷашнҳои Наврӯз, Ваҳдати миллӣ ва инчунин баланд бардоштани сатҳи касбият дар омода кардани барномаҳои ҳунарӣ ва интихоби суруду оҳанг мавриди баррасӣ қарор дод.

Орумбекзода пешниҳод намуд, ки ҳафтаи оянда дар толори Вазорати фарҳанг  машварати васеъ баргузор карда шавад.

Дар машварати оянда вазири фарҳанг ба иштироки роҳбарони муассисаҳои театрӣ, коргардонҳо, ҳунарпешаҳо ва драмнависон таъкид намуд. Вазири фарҳанг бар ин бовар аст, ки дар сурати ҳамкориҳои зичи драмнависону коргардонҳо, намоишномаҳои арзанда эҷод хоҳанд шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий