< КМИР Тоҷикистон андозаи лавҳаҳои таблиғотии пешазинтихоботиро муайян кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

КМИР Тоҷикистон андозаи лавҳаҳои таблиғотии пешазинтихоботиро муайян кард

КМИР Тоҷикистон андозаи лавҳаҳои таблиғотии пешазинтихоботиро муайян кард


Плакатҳои рангаи ташвиқотии аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии ба рӯзи 1 марти соли равон таъиншуда набояд аз ҳаҷми варақи форматаш А2 зиёд бошад.

Тавре дафтари матбуоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, плакатҳо (лавҳаҳо)-и ташвиқотии номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҳаҷми варақаи А3 муқарррар шудааст.

Гуфта мешавад, дар Плакати ташвиқотии рўйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ фишурдаи барномаи пешазинтихоботии ҳизби сиёсӣ ва расми ҳар номзади пешбаришуда мутобиқи рўйхат дар ҳаҷми 6х9 бо зикри насаб, ном ва номи падар, сол ва ҷойи таваллуд, мансаб (шуғл), ҷои кор ва истиқомат маълумот дарҷ карда шавад.

Зикр мегардад, ки дар Плакати ташвиқотии ҳар як номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи якмандатии интихобот маълумот дар бораи тарҷимаи ҳол, расми ҳаҷмаш 9х12 ва барномаи пешазинтихоботии номзад сабт карда шавад.

Қаблан КМИР Тоҷикистон муқаррар кард, ки барои истифодаи ВАО ба ҳар кадоме аз ҳизбҳои сиёсии кишвар то 40 дақиқа ва ба ҳар як номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ҳавзаи якмандатии интихобот то 20 дақиқа ройгон вақти эфирӣ ҷудо карда мешавад.

Ғайр аз ин, барои ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ҳавзаи якмандатии интихобот дар матбуоти давлатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ  чопи ройгони маводи ташвиқотӣ дар ҳаҷми то 8 саҳифаи дуинтервалии компютерӣ, шрифти 14 муқаррар карда шуд. Дар дигар ҳолатҳои истифодаи васоити хабори умум низ ҳамин гуна тартибот амал мекунад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий