< Ҷароҳат бардоштани 5 шаҳрванди Тоҷикистон дар садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар Қазоқистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҷароҳат бардоштани 5 шаҳрванди Тоҷикистон дар садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар Қазоқистон

Ҷароҳат бардоштани 5 шаҳрванди Тоҷикистон дар садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар Қазоқистон
Дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон бар асари бархӯрдани автобуси мусофирбар бо худравҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон ҷароҳат бардоштанд

Дар вилояти Қарағанда бар асари бархӯрди автобус бо худравҳо, дасти кам 7 нафар ҷароҳат бардоштанд, хабар медиҳад  Kazakhstan Today.

Манбаъ аз қавли котиботи Вазорати умури дохилии ин вилоят меафзояд, ки аз 7 нафари захмбардошта, панҷ нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Гуфта мешавад, ҳодисаи мазкур шаби 11 - уми ноябр тақрибан соати  23:30 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ рух додааст.

Ба маълумоти пешакӣ ронандаи автобус бинобар яхбастани роҳ аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба худравҳо бархӯрдаст.

Феълан ҳамаи ҷароҳатбардоштагон дар беморхона қарор доранд ва кормандони пулис ба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ намудаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий