< Маҳви 60 ҷанганда дар марзи Тоҷикистону Афғонистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Маҳви 60 ҷанганда дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Маҳви 60 ҷанганда дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
Мақомоти амниятии Афғонистон тавонистанд имрӯз вулусволии Дарқадро комилан аз ҳузури ҷангҷӯён пок созанд

Амалиёти низомие, ки давоми як ҳафта дар манотиқҳои ҳаммарзи Тоҷикистон идома дорад, имрӯз ба поксозии як вулусволӣ аз тобеияти ҷангиён анҷомид, хабар медиҳад сомонаи Интерфакс аз қавли котиботи мақомоти амниятии ин кишвар.

Бар хабари манбаъ, низомиёни Афғонистон тавонистанд ҳудуди 60 ҷангҷӯйро маҳв кунанд.

"Пас аз як ҳафтаи амалиёти низомӣ, вулусволии Дарқад аз тобеияти ҷангиён озод карда шуд. Феълан амнияти ин минтақаро мақомоти афғон ба дасти худ гирифтаанд ва наздики 60 ҷангҷӯйро нобуд карданд", - омадааст дар хабари манбаъ.

Маврид ба зикр аст, ки вулусволии Дарқад ҳанӯз аз моҳи октябри соли 2015 пурра зери ишғоли ҷангандагон қарор дошт ва сар аз ҳамон сол то ба ин сӯ, мақомоти Афғонистон чандин бораҳо кӯшиши пок намудани хоки ин манотиқ аз ҳузури ҷангиён намуда буданд, вале муваффақ нашуданд.

Акнун вулусволии Дарқад таҳти назорати мақомоти амнияти Афғонистон қарор дорад ва сокинони он ба ҳаёти осоишта баргаштанд.

Қаблан хабар дода мешуд, ки ҷангиёни ҳаракати Толибон чандин манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро таҳти тасарруфи худ қарор доданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий