< ҲАДАФ — ОБОДИИ ВАТАН. Иқдоми соҳибкори ватандӯст Наврӯз Сабзаев намунаи олии меҳандӯстӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистон аст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҲАДАФ — ОБОДИИ ВАТАН. Иқдоми соҳибкори ватандӯст Наврӯз Сабзаев намунаи олии меҳандӯстӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистон аст

ҲАДАФ — ОБОДИИ ВАТАН. Иқдоми соҳибкори ватандӯст Наврӯз Сабзаев намунаи олии меҳандӯстӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистон аст
​Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳидоятҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти иҷтимоии соҳибкорони ватанӣ беш аз пеш тақвият ёфтааст. Имрӯз садҳо соҳибкорони муваффақ на танҳо дар рушди фаъолияти иқтисодӣ, балки дар ободонии маҳал, бунёди иншооти иҷтимоӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзишманд мегузоранд. Наврӯз Сабзаев аз ҷумлаи чунин соҳибкорони ватандӯст мебошад, ки бо ташаббусҳои созанда ва иқдомҳои хайрхоҳонааш дар рушди инфрасохтор ва ободонии мамлакат саҳми назаррас дорад.

— Наврӯз Сабзаев фаъолияти соҳибкориро бо эҳсоси баланди масъулият дар назди ҷомеа пеш бурда, ҳамзамон дар татбиқи корҳои созандагӣ фаъолона иштирок менамояд.

Бо маблағгузории Наврӯз Сабзаев дар шаҳри Душанбе маҷмааи замонавии хизматрасонӣ бунёд гардида истодааст. Иншооти мазкур бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба талаботи имрӯз сохта шуда, баъди мавриди истифода қарор гирифтан барои даҳҳо нафар сокинон ҷойи нави кор муҳайё хоҳад кард. Дар баробари ин, маҷмаа ба беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ низ мусоидат мекунад.

Дар баробари корҳои сохтмонӣ дар пойтахт Наврӯз Сабзаев дар ободонии зодгоҳаш — ноҳияи Фархор низ саҳми арзанда мегузорад. Бо дастгирии ӯ корҳои навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ, беҳтар намудани шароити маҳаллаҳо, инчунин мусоидат ба бунёд ва таъмири якчанд иншооти иҷтимоӣ амалӣ гардида, сокинон аз ин иқдоми созанда истиқболи гарм менамоянд.

Маҳз чунин ташаббусҳо симои маҳаллаҳоро дигаргун сохта, барои беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум, рушди инфрасохтор ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Сокинони ноҳияи Фархор иқдомҳои соҳибкори ватандӯст Наврӯз Сабзаевро намунаи олии меҳандӯстӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Ватан арзёбӣ мекунанд.

Ҳамаи ин созандагию ободонӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, бозгӯи он мебошанд, ки соҳибкорони ватанӣ сиёсати созандаи давлатро дастгирӣ намуда, дар пешрафти ҷомеа саҳми босазо мегузоранд.

Бешак, иқдомҳои созандаи Наврӯз Сабзаев намунаи ибрат барои дигар соҳибкорон буда, нишон медиҳанд, ки рушди соҳибкорӣ дар баробари манфиати иқтисодӣ бояд ба ободии Ватан, беҳтар шудани шароити зиндагии мардум ва пешрафти ҷомеа низ хизмат намояд. Маҳз бо чунин ташаббусҳои ватандӯстона Тоҷикистон рӯз то рӯз ободу пешрафта гардида, ба истиқболи ҷашнҳои бузурги миллӣ бо дастовардҳои назаррас қадам мегузорад.

Сарчашма:khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий