< Дар Тоҷикистон Даҳаи дастгирии шири модар оғоз гардидааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Тоҷикистон Даҳаи дастгирии шири модар оғоз гардидааст

Дар Тоҷикистон Даҳаи дастгирии шири модар оғоз гардидааст
 Тибқи таҳлилҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, додани шири модар ба кӯдак солҳои пеш 34 фоизро ташкил медод ва дар айни замон он ба 41 фоиз расидааст. Солҳои охир дар деҳоти мамлакат додани шири сунъӣ ба кӯдакон бештар ба мушоҳида мерасад.

Дар робита ба Даҳаи дастгирии шири модар, ки дар Тоҷикистон то 10 август гузаронида мешавад, мутахассисони соҳаи тандурустӣ аҳамият ва роҳҳои самарабахши ширмакониро чунин шаҳр медиҳанд:

Кӯдаконе, ки бо шири модар ба воя мерасанд, майнаи сарашон босуръат рушд мекунад. Қобилияти дарки кӯдаконе, ки шири модар истеъмол кардаанд, назар ба кӯдакони шири сунъӣ истеъмолнамуда фарқкунанда буда, сухану фармоишро ба зудӣ иҷро мекунанд. Инчунин кӯдаконе, ки шири модар истеъмол мекунанд, тезтар хоб мераванд. Зеро ҳангоми макидани сина дар организми онҳо окситасин ҳосил шуда, дар натиҷа хоби бароҳатро барои онҳо таъмин месозад.

Ҳар қатраи шири модар барои тифл на танҳо ғизо аст, балки ҳамчун дору таъсири мусбат мерасонад. Шири модар барои истеъмол доимо тайёр аст, пешакӣ тайёр кардани он лозим нест. Гарчанде ки модар чандин рӯз шири худро ба тифлаш намаконад ҳам, он турш ва вайрон намешавад. Инчунин он арзиш надорад (бепул дастрас мешавад) – онро харидорӣ намудан мумкин нест. Шири модар кӯдакро аз бисёр бемориҳо на фақат дар давраи кӯдакӣ, балки тамоми умр эмин нигоҳ медорад.

Ба иттилои табибон, дар рӯзҳои аввали таваллуд таркиби шири модар аз микроэлементҳо бойтар буда, аз фалла иборат мебошад. Фаллаи шири модар моддаи махсусе аст, ки дар он микроэлементҳо, махсусан сафеда ва карбогидратҳо зиёд мебошанд. Дар рӯзҳои дуюм-сеюм таркиби шири модар тағйир ёфта, дар он об ва ғизо дигаргун мешавад. Қисми аввали таркиби шири модар аз об ва боқимонда аз ғизо иборат мебошад.

Барои он ки модар то шашмоҳагӣ ба тифлаш шир диҳад, модарро бо ғизои хуб таъмин намудан зарур аст. Аз ин рӯ модарон бояд баъд аз таваллуд ғизоҳои барангезандаи аллергия, ба монанди донагиҳо, шоколад, асал ва ҳатто шири говро истеъмол накунанд, зеро организми кӯдаки навзод ниҳоят нозук буда, ғизои дӯстдоштаи модар метавонад ба организми навзод таъсири манфӣ расонад.

Вобаста ба додани шири сунъӣ табибон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми надоштани шир ва қаноат накардани тифл аз шири модар метавон аз шири сунъӣ истифода намуд. Аммо онро бояд бо меъёру қоидаҳои махсус дод. Агар кӯдак ғизои сунъӣ гирад, пас дар ӯ хатари гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории дарунравӣ нисбат ба кӯдаконе ки бо шири модар ғизо мегиранд, 15 маротиба зиёд аст. Махсусан агар кӯдакон бо пистонак ва шишача ғизои сунъӣ гиранд, хатари беморшавӣ зиёд мешавад, чунки тоза нигоҳ доштани пистонак ва шишача аз ҷониби баъзе аз модарон пурра риоя намегардад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавсия медиҳад, ки ғизои иловагӣ баъд аз шашмоҳагӣ бояд оғоз шавад, чунки дар ин синн ба кӯдак миқдори зиёди моддаҳои минералӣ, сафедаҳо, карбогидратҳо ва витаминҳо зарур аст. Дар тамоми муҳлати ворид намудани ғизои иловагӣ бояд шири модар намуди асосии ғизо боқӣ монад, то кӯдаки ширмак онро истеъмол намояд.

Сарчашма:khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий