ҲОДИСАИ НОХУШ
31.08.2019 тахминан соатҳои 22.00-дақиқа шаҳранд Бобомуродов Ҷонибек Элмуродович 1986 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Москва, кӯч. З.Розиқ х.3/7, ҳангоми буридани дарахт садамаи барқӣ ба вуҷуд омада, шаҳранд Бобомуродов Ҷ.Э. ҳангоми ҷамъоварии чубпораҳо аз беэҳтиётиаш дасташ ба ноқили барқӣ расида, аз шиддати қувваи барқ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона овардан ба ҳалокат расидааст. 01.09.2019 шаҳранд Тохмамадов Султон Тохмамадович 1948 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Тусён деҳ. Намадрож санаи 29.08.2019 сол тахминан соатҳои 18.00-дақиқа ҳангоми фаромадан аз деҳ. Нуд аз беэҳтиётиаш аз баландии 50 метр афтида, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
01.09.2019 тахминан соатҳои 19.00-дақиқа ронандаи а/м тамгаи «Камаз», р/д 65-41 ЕА 01 шаҳранд Зайниддинов Маҳмадсаид Исломович 1961 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. Айнӣ х.44 ҳангоми кашонидани сузишворӣ аз беэҳтиётиаш ба дохили сестернаи а/м мазкур афтида, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Комментарии (0)