< САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР

САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР
19.08.2019 тахминан соатҳои 05.10  дақиқа ронандаи а/м  тамғаи “Хундай-Саната”,р/д 69-47 ТТ/05, шаҳрванд Кафронов Шаҳром Акрамович 1996 с/т, донишҷӯи соли 5-уми Донишгоҳи молия ва қарзи Тоҷикистон,  истиқоматкунандаи кӯч. Н.Махсум  х.105/1, ҳ.14, ронандаи ҶДММ «Саёҳон», ҳангоми ҳаракат кардан аз самти кӯч. Борбад ба самти кӯч. Гипрозем, дар рӯ ба рӯи хонаи истиқомати №119/1 аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Қосимова Зебо Катаевна 1961 с/т, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, ҷ/д Сарикиштӣ, деҳ. Чортути поён, роҳруби корхонаи комуналии №1 (ЖЭУ) дар н.Фирдавсиро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард, Қосимова З.К. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий