
ШВКД-и шаҳри Ваҳдат дар асоси аризаи зани 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат, марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир намудааст. Зани 25 сола дар он хусус муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи июли соли 2019 шахсе бо номи Рустам бо роҳи фиреб ва таҳдиди ифшои маълумотҳои беобрӯкунанда дар назди хешу табораш, дар умум бо роҳи тамаъҷӯӣ 9 ҳазор сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи "Редмин А-7”-ро аз ӯ гирифтааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия аз марди гумонбар далели шайъӣ низ гирифта шудааст. Айни замон тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)