Маълум шуд, "Роғун" то имрӯз чӣ қадар нерӯи барқ тавлид кардааст

Раиси ширкати "Барқи тоҷик" гуфт, нерӯгоҳи "Роғун то имрӯз чӣ қадар нерӯи барқ тавлид кардааст
Чархаи аввали нерӯгоҳи "Роғун" аз рӯзи ифтитоҳ то имрӯз 210,5 миллион киловат соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст.
Ин нуктаро Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 31-уми июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт.
"Дар шаш моҳи соли ҷорӣ мо аз нерӯгоҳи "Роғун 210 миллион киловат соат нерӯи барқ харидорӣ кардем. Ҳар шабонарӯз нерӯгоҳ беш аз 3 миллион киловат соатнерӯи барё тавлид мекунад", - гуфт Мирзо Исмоилзода.
Чархаи якуми "Роғун" моҳи ноябри соли гузашта фаъол шуд, вале баъди чанде ба сабаби мушкилоти фаннӣ истод.
Ду чархаи нерӯгоҳи "Роғун" ба таври муваққат насб шудаанд ва мувофиқи нақша то соли 2021 барқ истеҳсол мекунанд ва баъдан иваз мешаванд.
Ду чархаи нерӯгоҳи "Роғун" ба таври муваққат насб шудаанд ва мувофиқи нақша то соли 2021 барқ истеҳсол мекунанд ва баъдан иваз мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт санаи дақиқи расман ба кор андохтани чархаи дуюми Неругоҳи барқи обии Роғунро гуфт.
Ӯ гуфт, "мо ният дорем, ки соли ҷорӣ дар рӯзҳои ҷашни истиқлолияти давлатӣ агрегати дуюми ин нерӯгоҳи азимро ба кор дарорем”.
Комментарии (0)