< СӮХТОР ДАР МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

СӮХТОР ДАР МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ

СӮХТОР ДАР МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ
28.07.2019 тахминан соати 09.35-дақиқа дар оғилхонаи ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Нуров Абдуллохон Ҷалилович 1969 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д К.Исмоилов, деҳаи Элоқ, дар масоҳати 50-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Зарари расонидашуда 3.500-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор вайрон намудани қоидаҳои бехатарии сӯхтор мебошад. 

28.07.2019 тахминан соати 14.05-дақиқа дар хошокхонаи ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Эшбоев Убайдулло Фозилович 1964 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Шаҳристон, деҳаи Турсунзода, дар масоҳати 45-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Зарари расонидашуда 7.200-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор оташбозии кӯдакон мебошад. 

28.07.2019 тахминан соати 13.20-дақиқа дар оғилхонаи ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Назарова Қурбоной Қосимовна 1964 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/ш Бохтариён, шуъбаи-2, деҳаи Авзалӣ, дар масоҳати 70-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Зарари расонидашуда 7.300-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий