ҶИНОЯТКОРОН ДАСТГИР ШУДАНД
28.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Сино-1 ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванд Мирзоев Бахтиёр Содиқович 1996 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, ҷ/д Чимтеппа, деҳаи Обчакорон, ки ҷинояти дуздиро содир намуда, аз тарафи ШКҶ ШВКД-1 дар н.Сино бо моддаи 244 қ.2, банди “в” КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди н.Рӯдакӣ дастгир карда шуд. 28.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Сино-1 ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванд Қурбонов Шавқат Анварович 1989 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Б.Ғафуров, кӯч. Ленин х.30/1, ки ҷинояти дуздиро содир намуда, аз тарафи ШКҶ ШВКД-1 дар н.Сино бо моддаи 244 қ.3, банди “б” КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди ш.Душанбе дастгир карда шуд.
28.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ-1 ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванд Сафаров Нурулло Нодирович 1996 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Шаҳритус, ҷ/д Назаров, деҳаи Айвоҷ, ки ҷиноятҳои тамаъҷӯӣ ва вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳоро содир намуда, аз тарафи ШКҶ ШВКД-1 дар н.Фирдавсӣ бо моддаҳои 250 қ.1 ва 373 қ.1 КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди ш.Душанбе дастгир карда шуд.
28.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Спитамен ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванд Сатимов Шуҳрат Дилмуродович 1988 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Истиқлол, кӯч. Лоҳутӣ х.1/1, ки ҷинояти ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони ҶТ дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳоро содир намуда, аз тарафи ШКҶ ШВКД дар н.Спитамен бо моддаи 401 иловаи 1 КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди Ҷумҳурии Туркия дастгир карда шуда, ба ИНМ н. Спитамен ворид карда шудааст.
Комментарии (0)