< ФИРОРИ РОНАНДА АЗ ҶОЙИ САДАМА » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ФИРОРИ РОНАНДА АЗ ҶОЙИ САДАМА

ФИРОРИ РОНАНДА АЗ ҶОЙИ САДАМА
25.07.2019 тахминан соати 20.50-дақиқа ронандаи а/м тамғаи номаълум ҳангоми ҳаракат кардан аз самти кӯчаи Ҷомӣ ба самти н.Рӯдакӣ, дар наздикии НФС “Газпромнефт”, воқеъ дар кӯчаи Р.Набиев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Фариддуни Нарзулло 2004 с/т, миллаташ тоҷик, хонандаи синфи 9-уми МТМУ №55, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, ҷ/д Сарикиштӣ, деҳ. Чортутро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа ноболиғ Фариддуни Н. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи “Истиқлол” бистарӣ гардидааст. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий