< СОХТАКОРИИ ХИЗМАТӢ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

СОХТАКОРИИ ХИЗМАТӢ

СОХТАКОРИИ ХИЗМАТӢ
25.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Назаров Маъдӣ Ғафурович 1982 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Лучоб, деҳ. Косатароши-боло дастгир карда шуд. Номбурда, соли 2008 ҳангоми ба ҳайси эксперти қарзии филиали ҶСК “Агроинвестбонк” дар н.Варзоб фаъолият карданаш, аз ваколатҳои мансабиаш сӯистифода бурда, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Юсуфзода Юсуф Қаҳҳорбек 1974 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д С.Айнӣ, деҳ. Буввак, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба номи ш-ндон; 1)Каримов Карим Табарович 1969 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д С.Айнӣ, деҳ. Харангони-боло, 2)Юсуфов Хайриддин Бекмардонович 1980 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д С.Айнӣ, деҳ. Буввак, 3)Шарифов Илҳом Ҳафизович 1983 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д С.Айнӣ, деҳ. Буввак, 4)Юсуфов Аслиддин Холмардонович 1984 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, 5)Шокиров Ибодулло Ашурович 1944 с/т, миллаташ тоҷик, нафақахӯр, истиқоматкунандаи ҷ/д Чорбоғ, деҳ. Дурманбулоқ, шартномаҳои сохтакоронаи қарзии бонкӣ ба расмият дароварда, ба ҷойи онҳо имзо гузошта, аз хазинаи филиали ҶСК “Агроинвестбонк”-и мазкур дар умум маблағи 50.600-доллари ИМА ва 35.484-сомониро гирифтааст. Нисбати шаҳрванд Назаров М.Ғ. аз тарафи Прокуратураи генералии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 323 КҶ ҶТ ва нисбати шаҳрванд Юсуфзода Ю.Қ. бо моддаи 340 қ.2, банди “б”. КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий