
25.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Бобокалонов Бобокалон Иззатуллоевич 1970 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Лучоб, деҳ. Косатароши-боло дастгир карда шуд. Номбурда, соли 2008 ҳангоми ба ҳайси роҳбари филиали ҶСК “Агроинвестбонк” дар н.Варзоб фаъолият карданаш, аз ваколатҳои мансабиаш сӯистифода бурда, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрвандон 1)Каримов Карим Табарович 1969 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д С.Айнӣ, деҳ. Харангони-боло, шартномаи қарзӣ таҳти №317 аз 26.06.2008 сол ба маблағи 17.620-сомонӣ, 2)Юсуфов Хайриддин Бекмардонович 1980 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д С.Айнӣ, деҳ. Буввак, шартномаи қарзӣ таҳти №330 аз 12.08.2008 сол ба маблағи 20.000-доллари ИМА, 3)Шарифов Илҳом Ҳафизович 1983 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д С.Айнӣ, деҳ. Буввак, шартномаи қарзӣ таҳти №350 аз 10.09.2008 сол ба маблағи 10.600-доллари ИМА, 4)Юсуфов Аслиддин Холмардонович 1984 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, шартномаи қарзӣ таҳти №349 аз 10.09.2008 сол ба маблағи 20.000-доллари ИМА, 5)Шокиров Ибодулло Ашурович 1944 с/т, миллаташ тоҷик, нафақахӯр, истиқоматкунандаи ҷ/д Чорбоғ, деҳ. Дурманбулоқ, шартномаи қарзӣ таҳти №314 аз 27.12.2008 сол ба маблағи 17.864-сомонӣ баста, маблағҳои мазкурро гирифта ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Дар натиҷа шаҳрванд Бобокалонов Б.И. бо ин кирдораш ба ҶСК “Агроинвестбонк” дар умум ба маблағи 50.600-доллари ИМА ва 35.484-сомонӣ зарари калони моддӣ расонидааст. Нисбати шаҳрванд Бобокалонов Б.И. аз тарафи Прокуратураи генералии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 245 қ.4, банди “б” КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)