КУШОДАНИ ҶИНОЯТҲОИ ПЕШСОДИРШУДА
23.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД шаҳри Хуҷанд оид ба ҷинояти дуздии моликияти шахсии шаҳрванд Назирҷонзода Ш. шаҳрванд Маҳмадалиев Бахтиёр Алиевич 1999 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ш. Истаравшан, ҷ/д Зарҳалол, кӯч. Иброҳимӣ х.1, донишҷӯӣ соли 3-юми Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, дастгир карда шуд. 23.07.2019 сол ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ-1 оид ба ҷинояти дуздии моликияти шахсии шаҳрванд Саидмаҳмуди И. муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро пешдастгиршудагон: Бахтовари Амирхон 2000 с/т истик. н.Рӯдакӣ, маҳ.Гулбутта х.139, пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст ва Мирзомуддинов Беҳрӯз Муҳаммадюнусович 2001 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Фирдавсӣ х.109, ҳ.12, пеш бо моддаи 248 КҶ ҶТ суд шудааст, содир намудаанд.
Комментарии (0)