
22.07.2019 тахминан соати 11.40-дақиқа ронандаи а/м тамғаи “Митсубиси-Монтеро”, р/д 99-12 ВВ/01 шаҳрванд Камолзода Зикрулло 1999 с/т, миллаташ тоҷик, донишҷӯи соли 2-юми Донишгоҳи Техникии ҶТ, истиқоматкунандаи н.А.Ҷомӣ, ҷ/ш А.Ҷомӣ, кӯч. Фрунзе х.24, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти н.Хуросон ба самти н.А.Ҷомӣ, дар 1,700-ум километри ҳудуди ҷ/д С.Айнӣ, деҳаи Коммунизми н.Хуросон бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагардон: Қодирова Ойсоат Умбетовна 1966 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д С.Айнӣ, деҳаи Коммунизм ва хурдсол, Қодирова Мадина 2015 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҳамон ҷоро пахш намудааст. Дар натиҷа шаҳрванд Қодирова О.У. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи марказии н.А.Ҷомӣ дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Хурдсол, Қодирова М. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии н.А.Ҷомӣ бистарӣ гардидааст.
Комментарии (0)