< ШАХСОНИ БЕДАРАК ГУМШУДА БА МЕҲМОНӢ РАФТААНД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ШАХСОНИ БЕДАРАК ГУМШУДА БА МЕҲМОНӢ РАФТААНД

ШАХСОНИ БЕДАРАК ГУМШУДА БА МЕҲМОНӢ РАФТААНД
22.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД шаҳри Турсунзода оид ба бедарак гум шудани шаҳрванд Назарова Манижа Тухтаровна 2001 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи маҳаллаи-4, хобгоҳи-43, ҳ.1-2 муайян карда шуд, ки ӯ дар хонаи хешовандонаш, воқеъ дар ҳудуди ш.Ваҳдат будааст.

22.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Кушониён оид ба бедарак гум шудани ноболиғ, Маҳмадова Сабрина Сафарбековна 2002 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Бохтариён, шуъбаи-4, кӯч. Шоҳтемур х.б/р, муайян карда шуд, ки ӯ дар хонаи хешовандонаш, воқеъ дар н.Қушониён будааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий