< “ШИКОР”-И БЕБАРОР » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“ШИКОР”-И БЕБАРОР

“ШИКОР”-И БЕБАРОР
22.07.2019 тахминан соати 02.00-дақиқа дар ҳудуди  заминҳои   саҳроии деҳаи Кунҷоқи ҷ/д  Нофароҷ шаҳри Истаравшан шаҳрванд Фозилов  Мақсуд  Маҳмудбекович   1980 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи  кӯч. Дӯсти х.15, ҳ.25, бо силоҳи шикории думила тамғаи «ИЖ-58», таҳти №1263, қутраш 16-мм, ки аз 09.06.2014 сол  дар қайди   ШҲТҶ ШВКД ҳамчун шикорчӣ ба қайд гирифта шудааст, бо гумони шикор кардани “хуги ёбоӣ” аз беэҳтиётиаш аз силоҳи   мазкур як маротиба  тир  холӣ   мекунад, ки тири мазкур ба қисми пушти   бадани шаҳрванд Абдусатторов Абдувалӣ 1959 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Фабричная х.7, ки ӯ низ барои шикор   дар  мавзеъи мазкур қарор дошт, мерасад. Дар натиҷа шаҳрванд Абдусатторов А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи марказии ш.Истаравшан дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истодаанд. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий